Дорам дили афрӯхта чун хилвати фонӯс
То шамъ хаёлат накушуд миннати фонӯс
Сари риштаи равшандилӣ аз шамъ тавон ёфт
Перӣаст ки дам мезанад аз кисвати фонӯс
Бе партави ишқи ту дар ин базм дилӣ нест
То шишаи холӣ шуда ҳам суҳбати фонӯс
Гар шамъ назар карда шавқ ту набошад
Кӣ даъвӣ ботил кунад аз хилвати фонӯс
Раҳмӣ ба сияҳи рӯзӣ парвона надорад
Бо хона равшан бидам аз нисбати фонӯс
Шамъӣ ки ба ёди ту ба гулзор фурӯзанд
Бахшад чаман аз барги гулаши халъати фонӯс
Чун қадари сари кӯй ту нашносад асират
Парвона ба хӯн метапад аз давлати фонӯс