Шарориро намонад ҷо дар оташ

Нишинад то дилам танҳо дар оташ

Назаргоҳи дили девонаи мост

Тавон кардан тамошоҳо дар оташ

Сару кори дилам бо ашк ва оҳ аст

Чаҳ гӯям ё дар обам ё дар оташ

Сар ҳар мӯии ман парвонае буд

Агар май сӯхтами расво дар оташ

Набӯд аз хуяти оташи ҳам хабардор

Ки рафтам гарм кардам ҷо дар оташ

Задӣ як субҳдами оташ ба гулҳо

ШкФт аз оҳи ман гулҳо дар оташ

зи оҳам май дамади оташи зи дарё

з ашкам метапад дарё дар оташ

зи мазмуни хаташи кас бо хабар нест

Буд равшани саводи мо дар оташ

Асир аз ёди соқии шуъла монанд

Гирифтам гардани мино дар оташ