Дорам дилӣ ба сина чу каждум ба зери хок

Раҳмаст баргузӣдаи анҷум ба зери хок

Олами хазонаи дори сиришки равони мост

Ганҷи равон чаро нашавад гум ба зери хок

Бастем рахт ва кам нашуд асбоб сӯхтан

Ин мушти устихон шудаи ҳизум ба зери хок

Дар банди норасоӣ саъйаст кори халқ

Бедом нест донаи мардум ба зери хок

Дилкаш тараст замзама дар пардаи фано

Маҷнӯн фиканд шӯри тараннум ба зери хок

Чун мавҷи асири маҳшари мо баҳр раҳмат аст

Кӣ меравад шаҳиди тазаллум ба зери хок