Фаҳмидаи чашми шӯхи ту ҳоли хароби мо
Ғавғои ноз то чаҳ кунад бо ҳиҷоби мо
Аз ишқи хоксор ба ҷое расида ем
Моием осмон ва диласт офтоби мо
Афсонаи ҳарзаи дардисар хеш ме диҳад
Бедории хаёл касе бардаи хоби мо
Чун Тифли мавҷи ром фароғат нагашта ем
Гардӣда маҳди роҳати мо изтироби мо
Мо ҷамъу харҷ хеш ндонем ғайри шукр
Инаст агар зи мо талабади каси ҳисоби мо