Шуд шишаи хонаи боғи дил аз ҷони сахти мо

Ҷузи санги фитна ёр наёрад дарахти мо

Бегона улфатем чаҳ дунё чаҳ охират

Дар хонаи вуҷӯд ва адам нест рахти мо

Абри баҳори гиря мастона худем

Гулҳои боғи мо ҷигари лухти лухти мо

Зери нигини мости ду олами гузаштагӣ

Безории кулоҳ ва намад тоҷу тахти мо

Гавҳар чакад зи шабнами гулзори фақри асир

Абри баҳор чун нашавад пӯсти тахти мо