Гоҳ бо маҷнӯн ва гоҳе бо сабо сар ме кунам

Хона бар дӯшам намедонам куҷо сар ме кунам

Ғифлатам май сӯзад аммо нестам беёд ӯ

Дармиёни ханда гоҳе гиряҳо сар ме кунам

Дилнишинам гашта гирди кӯчаи афтодагӣ

Хоксорам дар паноҳи нақши по сар ме кунам

То қаноат кард мушти устихонамро ғубор

Рӯзу шаб дар сояи боли ҳумо сар ме кунам

Ташнаи хӯни баҳорам кӣ кашами миннати зи абр

Дар сумуми обод беобу ҳаво сар ме кунам

Гар набардами раҳ ба ҷое нест аз тақсири Хизр

Ман ки дар ҳар гоми роҳӣ чун сабо сар ме кунам

Гаштаам бегонаи зуди ошнои ёрони асир

Ман ки бо бегонагони ҳам ошно сар ме кунам