Душман ва дӯст бигӯ бо ҳам дар сохта ем

Соғари ҳавсиларо шеру шукр сохта ем

Чиқадр сарви биболад ки даройад ба назар

Қади раънои туро мади назар сохта ем

Чамани улфату ойӣна ҳайрат дорем

Нанги мо бесару поён чиқадр сохта ем

Бозуии кӯҳкану теша алмос куҷост

Бесутун дигар аз лухти ҷигар сохта ем

Гули ойӣна ба хуршед кунад нози асир

Номаш аз ёди рухии боғи назар сохта ем