Мисраи печидаи занҷири савдо хонда ем

Васфи ҳоли худ аз он сатри чилипо хонда ем

Дахл олам нест харҷи як парешонро кафоф

Дафтари реги равону мавҷи дарё хонда ем

Онкӣ ҳар дилро ба рангӣ май баради як ҷилва аст

Мардум аз ойӣнаи мо аз санги хоро хонда ем

Чун хат ҷонон нахондем ояти хӯбии асир

Дарси авроқи муҳаббатро саропо хонда ем