Чун таваккул ҳар куҷо рафтем истиғно задем

Ҳар чаҳро дидем ҳамчун сайли пушт по задем

Дидау дил бе ту дод ашку оҳи мо надод

Хешро гоҳе бар оташи гоҳ бар дарё задем

Ҳар куҷо рафтем Хизри роҳи мо ғам буд ғам

Гар дучор хўшдлӣ гаштем бар танҳо задем

Дард сар медод моро болаши осӯдагӣ

Хоби роҳат чун шарар бар бистар хоро задем

Бениёзем аз тамошои гулистон чун асир

То гули ъушрат ба сар аз пунба мино задем