Баҳонаро пари парвоз ме тавон кардан

Ба вазъ ҳар ду ҷаҳони ноз ме тавон кардан

Гули саҳоби ҳаворо ба дом сабза кашид

Шикори толеъи носоз ме тавон кардан

Агар навозиши мо ноз бар наме тобад

Назора ғалат андоз ме тавон кардан

Калиди нолаи мастона бекушодӣ нест

Дарӣ ба рӯй дилии боз ме тавон кардан

Ғубор нестем дар камӣн ?имае аст

Ҳанузам аз адами овоз ме тавон кардан

Кадоми булбули хуши нағмаро сароем асир

Тавофи гулшани Широз ме тавон кардан