Хуш биҳиштӣаст рӯй ӯ дидан

Дили гирифтори мӯӣ ӯ дидан

Хоб нодида мекунам таъбир

Хештанро ба кӯй ӯ дидан

Гули умри абад ба бори орад

Чамани орзӯӣ ӯ дидан

Чиқадр буи ошно дорад

Ба гул аз даври сӯй ӯ дидан

Кист соқӣ ки мо шгўн дорем

Моҳи соғар ба рӯй ӯ дидан

Ҷӯши ҳасани баҳор беҳӯшӣ аст

Майу ҷому сабуӣ ӯ дидан

Об бар офтоб рехтан аст

Шуъларо масти хуй ӯ дидан

Ба асирати нигар ки холӣ нест

Мастиҳоиу ҳўӣ ӯ дидан