Чашми бегонагӣ паноҳ бибин
Мижаи фитна дастгоҳ бибин
Пораи дили нисори домани ашк
Гиря шуд нолаи гоҳ гоҳ бибин
Сарнавишти ниёз ва ноз бихон
Саргузашти гадо ва шоҳ бибин
Даъвии ғабн ҷаврҳо дорам
Чаҳ кунам шарм узрхоҳ бибин
Куҳнаи даъвои тоза Эй дорам
Маҳзар дил бихон гувоҳ бибин
Ба сари худ ба ҷони бодау гул
Ба асири вафо гуноҳ бибин