Боз кун нағмаи ҷонсӯзӣ аз он сози имшаб
То кунӣ уқдаи ашк аз дили ман бози имшаб
Соз дар дасти ту сӯзи дил ман ме гуяд
Ман ҳам аз даст ту дорам гила чун сози имшаб
Мурғи дил дар қафаси сина ман ме нолад
Булбули сози турои дидаи ҳам овози имшаб
Зер ҳар пардаи сози ту ҳазорон роз аст
Бим онаст ки аз парда фитад рози имшаб
Гирди шамъи рахт эй шӯхи ман сӯхтаи ҷон
Пар чу парвона кунам боз ба парвози имшаб
Гулбуни нозӣ ва дар пои ту бо дасти ниёз
намекунам домани мақсӯди пар аз нози имшаб
Кард шавқи чамани васли ту эй мояи ноз
Булбули табъи марои қофияи пардози имшаб
Шаҳриёри омада бо кавкабаи гавҳари ашк
Ба гдоӣии ту эй шоҳиди таннози имшаб