Чаҳ шуд ки бор дигар ёд ошно кардӣ
Чаҳ шуд ки шеваи бегонагӣ раҳо кардӣ
Ба қаҳр рафтану ҷавру ҷафои шиори ту буд
Чаҳ шуд ки бар сар меҳр омадӣ вафо кардӣ
Манам ки ҷавр ва ҷафо дидам ва вафо кардам
Туе ки меҳр ва вафо дидӣ ва ҷафо кардӣ
Биё ки бо ҳамаи номҳрбонит эй моҳ
Хуш омадӣ ва гул оварадӣ ва сафо кардӣ
Биё ки чашми ту то шарм ва ноз дорад , кас
Напурсад аз ту ки ин моҷаро чаро кардӣ
Закоти қомат чун сарви нозу зулфи дўто
Биё ки пушти ман аз бори ғам дўто кардӣ
Миннат ба як нигаҳи оҳӯона май бахшам
Ҳар ончӣ эй хутании хати ман хато кардӣ
Агарчӣ кори ҷаҳон бар мурод мо нашавад
Биё ки кори ҷаҳон бар мурод мо кардӣ
Ҳазор дард фиристодем ба ҷони лекин
Чу омадӣ ҳамаи он дардҳо даво кардӣ
Калиди ганҷи ғазалҳои шаҳриёри туе
Биё ки Подшаҳи малики дил гадо кардӣ