Бози имшаб эй ситора тобон наомадӣ
Боз эй сипедаи шаб ҳиҷрон наомадӣ
Шамъами шукуфта буд ки хандад ба рӯй ту
Афсӯс эй шукуфа хандон наомадӣ
Зиндонӣ ту будаму маҳтоби ман чаро
Бози имшаб аз дарича зиндон наомадӣ
Бо мо сар чаҳ доштӣ эй тираи шаб ки боз
Чун саргузашти ишқ ба поён наомадӣ
Магузор қанди ман ки ба яғмои баради магас
Тӯтии ман ки дар шкрстон наомадӣ
Шеъри ман аз забони ту хуши сайд дил кунад
Афсӯс эй ғизол ғазал хон наомадӣ
Гуфтам ба хон ишқ шудам мизбони моҳ
Номеҳрбони ман ту ки меҳмон наомадӣ
Хон шукр ба хӯни ҷигар даст ме диҳад
Меҳмони ман чаро ба сар хон наомадӣ
Девони ҳофизии туу девонаи ту ман
Аммо парӣ ба дидан девон наомадӣ
Нашинохтӣ фиғони дили раҳгузар ки дӯш
эй моҳи қаср бар лаб айвон наомадӣ
Гетии матоъ чун маниш ояд гарон ба даст
Аммо ту ҳам ба дасти ман арзон наомадӣ
Сабрами надидае ки чаҳ заврақи шикастаи ист
эй таҳтаам супурда ба тӯфон наомадӣ
Айши дили шикаста азо мекунӣ чаро
Идами туе ки ман ба ту қурбон наомадӣ
Дар табъи шаҳриёр хазон шуд баҳори ишқ
Зеро ту хирмани гул ва райҳон наомадӣ