Сипоҳ субҳ зад аз моҳи хайма то моҳӣ
Ситораи кавкабаи офтоби харгоҳӣ
Ба лоҷуварди уфуқ таҳ кашида биркаи шаб
Мау ситора тапидани гирифта чун моҳӣ
Салои риҳлат шаб доду талъати хуршед
Хурӯси деҳкада аз сиҳаҳи саҳаргоҳӣ
Ба ҷустуҷӯии ту эй субҳ дар шубони сиёҳ
Басо ки қофила оҳ кардаам роҳӣ
Хдиўи харгаҳӣ бар хайма гӯ бизан берун
Чу меҳри такя ба шамшеру мғФри шоҳӣ
Аҷаби мадор ба шамшер ӯ ғубори қурун
Чаро ки оинаи ошиқон буд оҳӣ
Намонда чашмаи оби бақо ба зулмати даҳр
Ба ҷузи чароғи ҷамоли бақиятаи аллоҳӣ
Броӣ аз уфуқ эй машъали ҳидояти шарқ
Барор гилаи ин гмрҳони зи гумроҳӣ
зи соя эй ки ба хоки афкании хушам чаҳ кунам
эй арши куҷоу кабӯтари чоҳӣ
Малик ба саҷдаи одам ба калак мижгон зад
Бар остони ту тўқиъи осмони ҷоҳӣ
Хушам ки нақли ҳадисати фитода дар афвоҳ
Басо ки нас ҳадисаст нақли афвоҳӣ
Бишоратӣ ба худои хондану худо дидан
Ки ин башари ҳама худбинӣасту худхоҳӣ
Дилӣ ки оинаи гардони шоҳиди ғайбии сет
Чаҳ айб дорадаш аз сари ғайби огоҳӣ
Ба гӯши онкии садои худо наме шунӯд
Ҳадиси ишқи ман афсонае буд воҳӣ
Ту кӯҳу коҳ чаҳ доне ки шаҳрёро чист
Ба кӯҳи меҳнати ман байну чеҳраи коҳӣ