эй чашми хуморин , туу афсонаи нозат

Ваии зулфи камандин , ману шабҳои дарозат

Шабҳо манаму чашмаки маҳзуни сурайё

Бо ашки ғаму замзамаи розу ниёзат

Худ кистӣ эй нағмаи навозанда бе сим

Имшаб ба ҷигар мехӯрдам захмаи созат

Бозомадӣ эй шамъ ки бо ҷамъ насозӣ

Биншин ва ба парвона бидиҳ сӯзу гудозат

Сар кун ба шабу нолаи шабгири ман эй дил

То шбрў ишқем нишебасту фарозат

Хонанд намозами ман агар қибла надонам

эй каъбаи дилҳо ки бихонам ба намозат

Ганҷина розӣаст ба ҳар мӯят ва зон мӯӣ

Ҳар чанбара Марӣаст ба ганҷинаи розат

эй себи биҳиштӣ ба лабу гӯнаи гулгун

Доғаст дили лола ки девӣ зада газат

Дар хеш занем оташу халқӣ ба сари орем

Бошад ки бубинеми бад-ӣни шӯъбадаи бозат

Сад дашту дмни соф ва тароз омад ва як бор

эй ҷода инсоф надидем тарозат

Шаҳрӣ ба ту ёрасту ғариби ин ҳамаи маҳрӯм

эй шоҳ бинозам дили дарвеши навозат