Шаби ҳама бе ту кори ман шиква ба моҳ кардан аст

Рӯзи ситора то саҳари тира ба оҳ кардан аст

Матни хабар ки як қалам бе ту сиёҳ шуд ҷаҳон

Ҳошия рафтанам дигар номаи сиёҳ кардан аст

Чун ту на дар муқобилии акси ту пеш рӯ наҳем

Ин ҳам аз обу оинаи хоҳиши моҳ кардан аст

Нави гули нозанини ман то ту нигоҳ ме кунӣ

Лутфи баҳори орифон дар ту нигоҳ кардан аст

Лавҳи худои намоеу ойӣнаи тамоми қад

Беҳтар аз ин чаҳ такя бар мансабу ҷоҳ кардан аст

Моҳ ибодатаст ва ман бо лаби рӯзаи дор аз ин

Қавлу ғазали навиштанами бими гуноҳ кардан аст

Лек чароғи завқи ҳам ин ҳамаи куштаи доштан

Чашма ба гул гирифтану моҳ ба чоҳ кардан аст

Ман ҳамаи иштибоҳи худ ҷилваи даҳум ки одамӣ

Аз дами маҳд то лаҳад дар иштибоҳ кардан аст

Ғифлати коинотро ҷунбиши сояҳо ҳама

Саҷда ба кохи кибриё хоҳ нахоҳ кардан аст

Аз ғам худ бипурс кӯ бо дили мо чаҳ ме кунад

Ин ҳам агарчӣ шикваи шаҳна ба шоҳ кардан аст

Аҳди ту сояу сабо гӯ башикан ки роҳи ман

Рӯ ба ҳарими каъбаи лутфи илоҳ кардан аст

Гоҳ ба гоҳ пурсишӣ кун ки закоти зиндагӣ

Пурсиши ҳоли дӯстони гоҳ ба гоҳ кардан аст

Бӯсаи ту ба коми ман кӯҳнаварди ташна ро

Кӯзаи оби зиндагии тӯшаи роҳ кардан аст

Худ бирасон ба шаҳриёр эй ки дар ин муҳӣти ғам

Бе ту нафас кашӣданам умри табоҳ кардан аст