На васлат дида будам кошкӣ эй гул на ҳиҷронат

Ки ҷонам дар ҷавонии сӯхт эй ҷонам ба қурбонат

Таҳаммул гуфтӣ ва ман ҳам ки кардам солҳо аммо

Чиқадр охири таҳаммул балки ёдати рафтаи паймонат

Чу булбул нағма хонам то ту чун гули покдомонӣ

Ҳазар аз хор домангир кун дастам ба домонат

Таманноӣ висолам нест ишқи ман мгир аз ман

Ба дардат ху гирифтам нестам дар банди дармонат

Умед хастаам то чанд гирад бо аҷали киштӣ

Бимирам ё бимонам подшоҳо чист фармонат

Шабӣ бо дил ба ҳиҷрони ту эй султони малики дил

Миён гиря мегуфтам ки кӯ эй малики султонат

Чаҳ шабҳоӣ ки чун сояи хазидами пои қасри ту

Ба умедӣ ки маҳтоби рахти байнам дар айвонат

Ба гарданбанд лаълӣ доштӣ чун чашми ман хунин

Набошад хӯни мазлӯмон ? ки мегирад гиребонат

Дили тангами ҳарифи дарду андӯҳ фаровон нест

Амон эй сангдил аз дарду андӯҳи фаровонат

Ба шеърати шаҳрёрои бедилон то ишқ ме варзанд

Насими васлро монад навиди табъи девонат