Шунидаам ки ба шоҳони ишқи бахшеи тоҷ

Ба тоҷи ишқи ту ман мустаҳаққаму муҳтоҷ

Ту тоҷи бахше ва ман шаҳриёри малики сухан

Ба давлати сарат аз офтоб дорам тоҷ

Камони Ораша зиҳ кун ки тири лашгари ғам

Бар он сараст ки аз қалб мо кунад омоҷ

Агар ки солики ишқӣ ба пери дайри гароӣ

Ки гуфтаанд қимори нахуст бо лилоҷ

Ба пои сози ту аз завқ арш кардам сайр

Ки рӯзи васли ту кам нест аз шаби миъроҷ

Ба миҳмонӣ хон шукр бихон тӯтӣ

Ки қанди ҳайф буд каз магас шавад тороҷ

Забони шеър нёлўдаҳам ба мадҳ касе

Валек сози ту аз табъ ман сетанд боҷ

зи Орашау виюлони чӯбу таҳта дар кор аст

Магар ки хонаи эмин ман кунанд ҳароҷ

Ба такяи гоҳи ту эй тоҷдори ҳасану ҳунар

Сазад зи синаи симини сарири мармару оҷ

Ба қавли хоҷагар аз ҷом меканора кунам

Ба даври лолаи димоғ маро кунед алоҷ

Ба рӯзгор ту ёбад камоли мусиқӣ

Чунонкии шеър ба даврони шаҳриёри ривоҷ