Мондам ба чаман шаб шуду маҳтоби баромад
Симои шаби оғишта ба симоби баромад
Овехт чароғи фалак аз торами нилӣ
Қандили маи овезаи миҳроби баромад
Дарёӣ фалак дидаму баси гавҳари анҷум
Ёд аз туам эй гавҳар ноёб баромад
Шуд маст чу ман булбули ошиқ ба чаманзор
То лола ба кафи ҷом май ноби баромад
Тасвири хаёли ту парӣ кард таҷаллӣ
Чун шамъ ба хлўтгаҳи асҳоби баромад
Чун ғунчаи дили танги ман оғишта ба хӯн шуд
То ёдам аз он навгули сероби баромад
Моҳам ба назар дар дили абри муталотим
Чун заврақии афтода ба гирдоби баромад
эй мурғи ҳақи афсонаи шабгир раҳо кун
Дар дидаи мисатони чамани хоби баромад
Аз рози Фсўнкории шаб парда барофтод
Ҳар рӯз ки хуршеди ҷҳонтоби баромад
Дидам ба лаби ҷӯии ҷаҳони гузарон ро
Офоқи ҳамаи нақши рухи оби баромад
Аз кед мау меҳр ба роҳат накунад хоб
Он кас ки дар ин манзили нобоби баромад
Дар суҳбати аҳбоби зи бас рӯйу риё буд
Ҷонам ба лаб аз суҳбати аҳбоби баромад
Кӣ бӯда вафои ёд ҳарифон макун эй дил
Пиндор ки он воқеа дар хоби баромад