Шаби гузаштаи шитобон ба раҳгузор ту будам
Ба ҷилди раҳгузар аммо дар интизор ту будам
Ба сояҳои гурезон шабиҳ будам ва чун бод
Ба хуии ваҳшӣ ва бо ваҳшату фирор ту будам
Наомадӣ ки дили ман дар ихтиёри ман оре
Вагарна то ба саҳари ман дар ихтиёр ту будам
Ту нашъаи тахту хумории надидае ки бигӯям
Чигуна хираду хароби туу хумор ту будам
Насими зулфи ту печида буд дар сару мағзам
Хумору суст вале сахт беқарор ту будам
Ҳама ба корӣ ва ман дасти шаста аз ҳамаи корӣ
Ҳама ба фикру хаёли ту ва ба кор ту будам
Хазон ишқ набинӣ ки ман ба ҳар дамӣ эй гул
Дар орзӯии шкўФоӣӣу баҳор ту будам
Агар ки дил бигушоед забон ба даъвии ёрӣ
Ту ёри ман ки набӯдӣ манам ки ёр ту будам
Чу лола буд чароғам ба ҷустуҷӯии ту дар даст
Вале ба боғи ту давр аз ту доғдор ту будам
Ба кӯии ишқи ту розӣ шудам ба нақши гдоӣӣ
Агарчӣ шуҳра ба ҳар шаҳру шаҳриёр ту будам