Ба тираи бахтии худ кас на дидам ва на шунидам
зи бахти тираи худоё чаҳ дидам ва чаҳ кашидам
Барои гуфтан бо дӯсти шикваҳо ба дилам буд
Вале дареғ ки дар рӯзгор дӯст надидам
Вагар нигоҳи умедӣ ба сӯй ҳечкасам нест
Чаро ки тир надомат бадухт чашми умедам
Ба ғайр дом надидам ба ҳар касе ки шудам ром
Дигар чу тоири ваҳшии зи об ва дона рамедам
Рафиқ агар ту раседӣ салом мо барисоне
Ки ман ба аҳли вафо ва мурувватӣ нарасидам
Манӣ ки шохау баргами насиби барқи бало буд
Ба киштзор табиат надонам аз чаҳ дамидам
Яке шикаста навозӣ кун эй насими аноят
Ки дар ҳавоӣ ту ларзандатар зи шохаи бедам
зи оби дидаи чунон оташам кашид забона
Ки хоки ғам ба сроФшон чу гирди боди давидам
Гуноҳ агар рухи мардум сияҳ кунад ман мискин
Ба шаҳри Рӯсияони шаҳриёр рӯй сипедам