Омадӣ ҷонам ба қурбонат вале ҳоло чаро
Бе вафои ҳоло ки ман афтодаам аз по чаро
Нўшдорўиӣу баъд аз марг Суҳроб омадӣ
Санги дили ин зӯдтар май хостии ҳоло чаро
Умри моро муҳлати имрӯзу фардоӣ ту нест
Ман ки як имрӯзи меҳмони туами фардо чаро
Нознинои мо ба нози ту ҷавонӣ дода ем
Дигар акнӯн бо ҷавонон ноз кун бо мо чаро
Ваа ки бо ин умрҳои кӯтаҳ бе эътибор
Ин ҳамаи ғофил шудан аз чун манӣ шайдо чаро
Шӯри Фарҳодам ба пурсиши сар ба зери афканда буд
эй лаби ширини ҷавоби талхи срболо чаро
эй шаби ҳиҷрон ки як дам дар ту чашм ман нахуфт
Ин қадар бо бахт хоб олуд ман лоло чаро
Осмон чун ҷамъи муштоқон парешон ме кунад
Дар шигифтами ман наме пошади зи ҳам дунё чаро
Дар хазони ҳиҷри гул эй булбули табъи ҳазин
Хомшии шарти вафодорӣ буд ғавғо чаро
Шаҳрёро беҳабиб худ намекардӣ сафар
Ин сафари роҳи қиёмат май рӯй танҳо чаро