Ғам даромад зи дирам чун з барам ёр бирафт

Айшу нӯшу тарабам , ҷумла ба якбор бирафт

Бинвиштам чу з бемеҳрят эй ма , шарҳӣ

Оташ афтод ба лавҳ ва , қалам аз кор бирафт

Хости наргис ки ба чашм ту кунад ҳамчашмӣ

Натавонист , сари афканда ва бемор бирафт

Магар аз рӯй ту , булбул суханӣ гуфт ба гул

Ки бузади чоки гиребон ва , з гулзор бирафт ?

Чеҳраи зарди ман , аз ҳиҷри рахт гулгун шуд

Бас ки хӯни дилам аз дида ба рухсор бирафт