Дилбарамгар ба табассуми лаби худ боз кунад

Кӣ масеҳо ба ҷаҳони даъвӣ эъҷоз кунад ?

Дайну дил , ҳар ду ба якбор ба тороҷи барад

Дар сафи симбронгар сухан оғоз кунад !

Равнақи меҳру қамари афканд аз авҷи фалак

Зулфи шбгўн , рухи маи рӯ , агар иброз кунад

Бабради сабру шикебам агар он лаъибати ноз

Баҳри сайди дили ман , ҳамлаи чунон боз кунад !

Хлху таббат ва чинаст магари манзар ӯ

Кин чунин дилбарӣу ишва танноз кунад ?

Ба яке ҷӯ нахуррам салтанати малики ҷаҳон

Бути ғоратгари ман ,гар ҳавас ноз кунад

Васли дилдор сабӯҳӣ натавон шуд ҳосил

Ҳар замони ҳиҷри туро шӯъбадае соз кунад