Гуфта будӣ ки бёӣӣ , ғамам аз дил баравад

Ончунон ҷой гирифтааст ки мушкил баравад

Поем аз қӯти рафтор , фурӯ хоҳад монад

Хунаки он кас ки ҳазар кард , пай дил баравад

Гар ҳамаи умр , надодааст касе дил ба хаёл

Чун бияёд ба сари кӯии ту , бедил баравад

Кас надидам ки дар ин шаҳр , гирифтор ту нест

Магари онкас ки ба шаб ояд ва ғофил баравад

Сорибон ! тунди марон , варна , чунон ме гарем

Ки туу ноқау маҳмил , ҳама дар гул баравад

Сари он кушта бинозам ки пас аз кушта шудан

Сар худ гираду андари пай қотил баравад

Бокам аз кушта шудан нест , аз он май тарсам

Ки ҳанузам рамақӣ бошад ва қотил баравад

Гар ҳамаи умри сабӯҳии хуш ва ширин бошад

Ин сухан монад надонам ки чаҳ бо дил баравад