Пайвастаи ман аз шавқи лаби лаъли ту мастам

Зини завқ ки дорам хабарам нест ки ҳастам

Дар бодияи ишқи ту то пои ниҳодам

Якбора бишуд дайну дилу ақли зи дастам

Аз бас ки назар бар гули рухсор ту дорам

Шуд шуҳраи баҳри шаҳр ки хуршеди пурситам

Ту меҳри зи ман эй бут айёр буридӣ

Ман дил ба хами турраи таррори ту бастам

Мутриб ту бизан сози навое ба дурустӣ

Соқӣ ту бидиҳ бода ки ман тавбаи шикастам