То дар он ҳалқаи зулфи ту гирифтор шудам

Сӯхтам то ки ман аз ишқ хабардор шудам

Ман чаҳ кардам ки чунин аз ?назарети афтодам

Чора Эй кун ки ба лутфи ту гунаҳкор шудам

Хоб дидам ки сари зулфи ту дар дастам буд

Буии атрӣ ба машомам зад ва бедор шудам

То дар он силсилаи зулфи ту афтодами ман

Бесабаб чист ки пеши ?назарет хор шудам

Бирав эй боди сабо бар сари кӯяш ту бигӯ

Ки зи маҳҷӯрии ту дасту дил аз кор шудам

Ҷон ба лаб омаду роз ту нагуфтам ба касе

Нақд ҷон додаму ишқи ту харидор шудам