Хуш мекашад ба сӯии ту ин ишқи саркашам
Гар аз ҷафо рақиб насозад мушаввашам
Гуҳи хол дона мекашадам гуҳи каманди зулф
Чун сайди нотавони зи ҷафо дар кашокашам
Аз оби чашму оташи дил бе ту ҳар замон
Гоҳе дар оби ғӯтаи вару гуҳ дар оташам
Гар сад раҳам рақиб кашад аз ҷафо ҳануз
Ман бо умеди васли ту бо бодаи сархушам
Аз сайли ашку нолаи ғами оҳи дарднок
Сӯзади даруну чеҳра аз хӯни мунаққашам
Набӯд матоъи дигарами андари диёри ишқ
эй вой агар мадад накунад бахти саркашам
Ҷоно ба варӣу мӯии азизат ки дар ҷаҳон
Икдми хаёл рӯй ту набӯд Фромшм
Гуфтам ки нохўшми зи ғами ҳиҷру интизор
Гуфто хамӯш бош сабӯҳӣ ки ман хушам