Дар хами зулфи ту , побанд ҷунун шуд дили ман

Бехабар аз ду ҷаҳони ғарқа ба хӯн шуд дили ман

Чунки бо риштаи гесуии ту пайвандӣ дошт

Мӯ ба мӯи баста ба занҷир ҷунун шуд дили ман

ӣнҳамаи фитнаи магари зери сари чашми ту буд

Ки гирифтори ду сад саҳар ва фусун шуд дили ман ?

Ончӣ гуфтам ба дил аз рӯй насиҳат , нишнид

Оқибати ишқи ту варзед ва забун шуд дили ман

Баъди марги ман агар бар сари хоками гузарӣ

Даҳумати шарҳ , ки аз дасти ту , чун шуд дили ман

Солҳо сахттар аз кӯҳи гарон буд валек

Дар сари ишқи ту бесабр ва сукӯн шуд дили ман

Нуқтаи холи ту то дид ба паргори вуҷӯд

Яксар аз доираи ақл , бурун шуд дили ман