Дилами фитода бар он зулфи пуршикан ки ту дорӣ

Қарори бардаи зи ман он лабу даҳан ки ту дорӣ

Лабат чу ғунча , рахт чун бунафша , зулф чу сунбул ,

Касе надида аз ин хубтар чаман ки ту дорӣ

зи буии перҳанат зинда мешавад дили мурда

Чаҳ ҳикматаст дар ин буии перҳан ки ту дорӣ

Куҷост шаҳру диёру куҷо буд ватани ту

Хушо ба мардуми он шаҳр ва он ватан ки ту дорӣ

Марои ғулом худат кун ки ҳеҷ хоҷа надорад

Чунин ғуломи ҳунари пешае , чу ман ки ту дорӣ