Оҳӯии чашми ту нозам ки чу нахҷӣр кунад
Шерро гирад ва дар зулфи ту занҷир кунад
Такя бар гӯша абрӯ зада чашмат , оре
Тарк , чун маст шавад , даст ба шамшер кунад
Бе сабаби хӯни ман он абрӯӣ пайваста нарехт
Рангро хост ки пок аз дам шамшер кунад
Дидаам хоби парешоне ва , ҳар каси шунӯд
Бар сари зулфи парешони ту , таъбир кунад