Ба рӯй хуби ту дидем рӯй хуби яздон ро

Ба куфри зулфи ту додеми нақди имон ро

БтўФи каъба ӣ исломи бути парасти шудем

Хабар диҳед зи мо кофару мусулмон ро

Ба ҷузи дилам ки занад хешро , бидон хами зулф

Касе надида занад гӯии латмаи чавгон ро

Дилам ба ҳалқа ӣ зулфаш гузидааст мақом

Буд , ки ҷамъ кунад хотири парешон ро

Барои куштанам афрохтааст пайваста

Камони абрӯ ва он тирҳои мижгон ро

Тулӯъи субҳ саодат шавад , дамӣ ки сабо

ЗлтФ боз кунад чоки он гиребон ро

Ба ҷӯйбори ду чашмами гузари намо эй сарв

Ки аз назар фиканам сарвҳои бустон ро

Ба як табассуми ширини рабӯдӣ аз ман дил

Табассумӣ дигар , эй дӯст то даҳуми ҷон ро

« вафое » аз гул рӯй ту мезанад дастон

Чунонкии бастаи забони ҳазор дастон ро