Синаи дарёии ману лашгари ғами амвоҷам
Тири борони балоро ҳадафу омоҷам
Ба сари зулфи ту савганд ки фарқӣ накунад
Теғ бар фарқи занӣ ё бифиристӣ тоҷам
Он чунон ишқ ту дорад , ба раги ҷони пайванд
Ки здл менаравад ,гар бибаранди аўдоҷм
эй ки дар кишвари дилҳо сар тороҷ турост
Ба нигоҳии дилу ҷон яксара кун тороҷам
Ба сари кӯии ту гаштами зи вафо хок нишин
Буд ин хоки нишинӣ ба дарат миъроҷам
Шоду хуррам на чунонам ба гадоӣ дарат
Ки шавам шод диҳанд ар ҳамаи шоҳони боҷам
Ба ту муҳтоҷи чунонам ки агар то ба абад
Рафъ ҳоҷат бикунӣ бози ҳамон муҳтоҷам
Дӯш дар майкада ӣ ишқ « вафое » ме гуфт
Дорам умед каз ин дар накунанд ихроҷам