То ки абрӯии туро , бо мижгон сохта анд

Баҳри сайди дили мо тиру камон сохта анд

Холи ҳиндӯии туро , офати дил ҳо карданд

Чашми ҷодӯии ту ғоратгари ҷон сохта анд

Нестгар нуқтаи мавҳум ба ҷуз , ваҳму хаёл

Даҳани танги туро , бешак аз он сохта анд

Чун ки дидам қаду болои туро , донистам

Офати ҷону дили перу ҷавон сохта анд

Ба алоҷи дили бемори ман он рӯзи нахуст

Хол чун хрФаҳу унноби лабон сохта анд

Қади дилҷӯии ту чун сарв равонӣ монад

Кандар он сарви равони рӯҳи равон сохта анд

Рӯй зебои туро , ойӣна ҷон карданд

Вндри он мардуми чашмами нигарон сохта анд

Назми ширин « вафое » ба гуҳар , ме монад

Магараш аз лабу дандон батон сохта анд

Балки чун дар сифати гавҳари поки ту буд

наме тавон гуфтанаш аз ҷавҳари ҷон сохта анд