эй хоки Тӯси чашми маро , тўтёи туе

Моием дардманду саросар , давои туе

Дории дами Масеҳи ту эй хоки мшгбў

ё накҳати биҳишт ки дорушшифои туе

эй хоки Тӯс чун ту мақом ризо шудӣ

Бартари ҳазор пояи зърши ълои туе

эй хоки Тӯси дарди диламро туе алоҷ

Бар дардҳо , табиб ва ба ғамҳо давои туе

эй арзи Тӯси хоки ту гӯгирд аҳмараст

Қалби вуҷӯди мо ҳамаро , кимиёи туе

эй хоки Тӯси рутбаи ?ути ин бас ки аз шараф

Маҳди амону Машҳади шоҳи ризои туе

Шоҳаншаҳӣ ки силсила ӣ анбиёи тамом

Гўиндш эй фидои ту чун муқтадои туе

Шоҳо , забони хома ба мадҳи ту қосир аст

Лек ӣнқадар басаст ки дасти худои туе

эй дасти кирдигор , ки чун ҷади тоҷдор

Дар корҳои мушкилаи мушкили гшои туе

эй киштӣ наҷот надонам туро , сифот

Донам ба баҳри илми худо , нохудои туе

Ҷбрили табъи боз , зърши хаёли ман

Оварда матлаъӣ ки аз он муддаои туе