Ходима омад ба бар он ҷавон

Гуфт суханҳо ки шунӯди он замон

Гуфт ҷавонро ки бихандед ёр

Ман шудам аз хандааш умедвор

Хуб шавад оқибати кори ту

Раҳм кунад бар дили бемори ту

Кор ба таъҷил шавад баси хароб

Пас ту дарин кор макун изтироб

Оқибати кори ту некӯ шавад

Сӯфӣ агар сабр кунӣ бе адад