Ин суханонро чу бад-ӣн сон шунид
Ходимаи ангушт ба дандон гузид
Қасди ҳарим ҳарамаш кард боз
Ходимаи он лаҳза ба умри дароз
Пеши рухи сарви саман бар нишаст
Гуфт чу он рафт ба куллӣ зи даст
Чора кун ки гирифтори тест
Волаи он наргиси бемори тест
Гар барисӣ тез ба фарёд ӯ
Шод шавад ин дили ношод ӯ
ӯ ба Муродӣ расад ва ин замон
Ҳеҷ шуморо набӯд , ин зиён
Чун бишунид ин сухани дилпазир
Гуфт бигӯ сабр кунад он фақир
Зон ки маро ҳаст басии душманон
То набарди халқ ба ман ин гумон