Ходима аз хизмати он длнўоз

Гашти сӯии ошиқи бечораи боз

Хандаи занон бо дили баси шодмон

Омад ва бинишаст ба пеши ҷавон

Гуфт биё ғам махӯр эй мустаманд

Мурғ дилат ёфт кушодии зи банд

Ман бикунами фикри ту , фармуд ёр

Сабр кун ва нола макун зинҳор

Ҳаст марои тарси забони рақиб

Варна з ман ёфта будӣ насиб

Сӯфии азин сабр барояд мурод

Кас чу ту бесабр ба олам мабод