Ходима бархест ба чашми пари об
Рафт ба сӯии бути олии ҷаноб
Арзаи аҳвол ҷавон кард боз
Он суханони ҷумла баён кард боз
Гуфт битарс аз фалак бе вазир
Ошиқ савдо задаро дасти гир
Срмкш аз ошиқи дарвеши худ
Аз карам ӯро бинишон пеши худ
То рухи зебоӣ ту бинад аён
Тоза шавад дар тан ӯ хастаи ҷон
Варна замонии з барои худо
Ҳамчуи ма аз давр ба ӯ рухи намо
Гуфт ба он ходимаи пари зи меҳр
Сарви сеӣ қомати хуршеди чеҳр
Ман бинмоем хами абрӯии хеш
Лек варо раҳ надаҳум сӯии хеш
Гӯии саломии зи ман ӯро ниҳон
То ки шавад ҷону дилаши шодмон