Аз ҷумлаи дардҳо ғами он дӯсти баси маро

Бар бод бар диҳад чаҳ кунам ин ҳаваси маро

Дар ҷавоб ӯ

Ош трўш мекунад акнӯн ҳаваси маро

эй матбахии зи лутф ба фарёди раси маро

Нӯшами зи нону харбузаи чндонки ин замон

Дар синаи ҳеҷ ҷо набӯд як нафаси маро

Саҳни биринҷи пеши ман афтодау рақиб

Ҳамкоса гашта , ваа чаҳ кунам , хармагаси маро

Бемор гаштаам зи таманнои гӯшти боз

Сероби мос бояду лаҳми фарси маро

Аз сҳнк биринҷ барорам дамори ман

Гар дар ҷаҳон мадад накунад ҳеҷ каси маро

Дастам кунун ба калла бирён наме расад

Аз по дар оварад , чаҳ кунам ин ҳаваси маро

Ҳар рӯз агар диҳанд ду сад нони гарда аш

Сӯфӣ ба умр хеш нагӯяд ки баси маро