Агар он тарки широзӣ ба дасти оради дили мо ро
Ба холи ҳиндӯяши бахшами Самарқанду Бухоро ро
Дар ҷавоб ӯ
Наҳй бар бор дар пешам чу рӯзии деги ҳалво ро
Зғми андари амонсозӣ дили мискини шайдо ро
Агар рӯзӣ ба чанг ояд марои саҳнии змоҳичаҳ
Ба буии қалияаш бахшами ҷаҳону малики уқбо ро
Ҳазорон ҷони муштоқони фидоӣ матбахӣ бошад
Ба пеш суфра бурдоронгар оради саҳни бғро ро
Дили пажмурдаи моро ҳаёт аз буи нон бошад
Биор ар нестат бовар , бибин феъли масеҳо ро
Чунон муштоқи бирёнам ки дар бозори таббохон
намедонам ман мискин ки то чун май нуҳуми по ро
Агар як хӯшаи ангурӣ ба даст уфтад маро , фахрӣ
Ба чашми андар наме орм дигар ақди сурайё ро
Шамеми қалияу бғро чу рӯзӣ башнавад сӯфӣ
Шавад маст ва диҳад бар боди тасбеҳу мусалло ро