Меҳри ҷамоли ёр ки чун рӯҳ дар тан аст

Миннати худоиро ки ниҳон дар дил ман аст

Дар ҷавоб ӯ

Имрӯзи рӯзи кочӣу дўшоб ва равған аст

Мурғони барфро чу ба дунё нишеман аст

Гар ҷўзи мағзи суда буд рӯй бош ӯ

Бешак бидон ки марҳами ҷону дил ман аст

эй матбахии мадори ту дўшоби азуи дареғ

Кин оби дор чун ҷасад , он рӯҳи ин тан аст

Тухми гиёҳ чун накунад дар миён ӯ

Ҳар матбахӣ ки пухти яқини дон ки душман аст

Ҳамкосаро чу рағбат комил наёфтам

Бедавлатӣ ӯст вале давлат ман аст

Ҳар кас нахоҳад ва накунад фикри кочӣ Эй

Мардаш махон ки дар дили мардон кам аз зан аст

Сӯфӣ ба ғайри лӯт задани ҳичдон буд

Ореи насиб ӯ зи азали бози ин фан аст