Зулф бар оризи зебои ту ҳоле дорад

Кист дар шаҳр ки ӯ чун ту ҷамолӣ дорад

Дар ҷавоб ӯ

Саҳн фиринеаст ки фархунда ҷамолӣ дорад

На чу полуда ки зулфу хат ва холӣ дорад

Азми ҳмсҳбтии қима буд акро ро

Дилам аз ғуссаи ин қисса малолӣ дорад

Дар замонӣ ки буд чашми ту сурх аз сабзӣ

Саҳни моҳича бар қима чаҳ ҳоле дорад

Тоси шеру шукр аз лутф шумо ме хоҳам

Чаҳ кунам моси бақарро ки суфолӣ дорад

Туршӣу оши смоқ ар чаҳ азизанд валек

Ҳамчуи бирён ки дарин шаҳр камолӣ дорад

Бомдодони сӯии бозор хиромон бигузар

Бингар каллаи бирён чаҳ ҷамолӣ дорад

Ҳар касеро з азал гашта муқарари ҳунарӣ

Сӯфӣу атъима ӯ низ хаёлӣ дорад