Ҳар чанд перу хастаи дил ва нотавон шудам

Ҳар гуҳ ки ёд рӯй ту кардам ҷавон шудам

Дар ҷавоб ӯ

Гар чун биринҷи пер ва чу нон нотавон шудам

Ҳар гуҳ ки буи қалия шунидам ҷавон шудам

Полудаи доштами ҳавас акнӯн ҳазор шукр

« бар миннатҳои ҳиммати худ Комрон шудам . »

Асрорҳо ки дар дили гипо ниҳода анд

Аз Ямани калла буд ки воқиф аз он шудам

Қассобро зи шавқу таманнои қалияи боз

Гардани нуҳум барои . . . Барон шудам

Айбам макун ки бесару сомону сўкўор

Бе офтоби талъати ҷонбхш нон шудам

Аз шавқи злбёии асал боз бингаред

Ҷоруби каш ба хона ҳалвогарон шудам

Корӣ ба ғайри лӯт задан нест бобашон

Зон рӯй бандаи муътақид суфиён шудам