Ошиқии доне чаҳ бошад , бедилу ҷони зистан

Ҷон ба ҷонон додан ва бар буии ҷонони зистан

Дар ҷавоб ӯ

Нест имкон дар ҷаҳон беқалияу нони зистан

Зон ки ҳаст амри маҳоли имрӯз бе ҷони зистан

Хаста ҷонӣ дорам аз шавқи кабоби санги пухт

Хуш буд беморро бар буии дармони зистан

Дар ғами бирёни зи нори ҷўъи сӯзам чун кабоб

эй дили ин соъат ба ҷонам , чанд азин сони зистан

Қурси гандумро манеҳ бар суфра бо нони ҷӯин

Зон ки душвораст бо кофари мусулмони зистан

Дар фироқи саҳни ҳалвои биринҷу нони гарм

Ҷон ба лаб омад балӣ то чанд битавон зистан

Гарда медаҳ маро ояд ба душворӣ ба даст

Дар ҷаҳон бенон гандум нест осони зистан

Бар сар хон нъми сӯфии мудоми осӯдаи бод

То ки инсонро буд аз умри имкони зистан