Гар сояи он моҳ ба сӯй чаман уфтад
Аз рашки қадаши ларза ба сарв саман уфтад
Сад чашмаи оби Хизр аз хок барояд
Ҳар ҷо ки луобӣ ба замини зон даҳан уфтад
Рафт аз сари кӯии ту дил аз дасти рақибон
Сад оҳ аз он хаста ки давр аз ватан уфтад
Ҳар ҷо ки барорам зи таманнои ту оҳӣ
Фарёди азин воқеа бар мард ва зан уфтад
Бингар ки чу мисбоҳи далелӣ шудаи равшан
Аз акси тани дӯст ки дар перҳан уфтад
Бар ғунча занад бӯсаи зи шавқи даҳан ӯ
Рӯзӣ ки сабои сӯии чамани ҳамчу ман уфтад
Зон хусрави хубони дили сӯфӣ шудаи маҷрӯҳ
Ореи ғами ширини ҳама бар кӯҳкан уфтад