Дили барад аз ман он писари перҳани кабӯд

Гар ҷон нарафт дар пай ӯ , он дигар ки буд

Рафт оннигору гиря фузунаст ҳар замон

Чун рафт умр , ашк надомат бигӯ чаҳ суд

Ҳар ҷои сурӯди ишқ ту гӯйанд ошиқон

Аз чашмасор дида ман меравад дуруд

Дар сина ҷой кард чу ҷон дар бадани муқӣм

Ҳар новакӣ ки бар дили маҷрӯҳ ман гушӯд

Ошиқ ба ҷавр бар натавонист дошт дил

Ҳар чанд хешро ба ҷафоӣ ту озмуд

Ойӣнаи дилам шуда аз занги ғами сиёҳ

Ҷузи бода кӣ тавон зи дили он зангро задуд

Он дам ба ишқи даст дар оғӯши доштам

Кодм ҳануз дар адами ободи хуфта буд

Дар чанги ғами фитода , чаҳ созад , аҷиб нест

Сӯфӣ мустаманд бинолад агар чу авд