Ҳар шаби ман ва ғамҳои ту ва рӯй ба девор

Ҷуз шамъ насузад дили кас бар ман аФгор

Дар ишқи ҷафоу ситаму ҷаври рақибон

Ин ҳар се балоро бикашам оҳ ба ночор

Дар кӯии саломати шарафи ишқ муҷоб аст

Тарки сар ва дастор куну бода ба дасти ор

Ғамҳои ту ин навъ ки оварад ба ман рӯ

Ҷон дар сарви кор ту кунам оқибати кор

Шурӣаст ба даври қамару фитнаи олам

Бади оризи зебои ту он зулфи сияҳи кор

Побӯси туам даст диҳад оқибати аламр

Гар бахт шавад бар ман бечораи мададгор

Сӯфӣ чаҳ кунӣ нолаи шабҳо зи фироқаш

Бахтат чу ба хобаст чаҳ аз дидаи бедор